Эҳтироми волидайн мазӯъи имрузаи барномаи «Чароғи ҳидоят» мебошад.Барномаи маърифативу ахлоқии «Чароғи ҳидоят» — равзанае ба маърифат ва шинохти ҳақиқати дини мубини ислом. Ходими дин, олими маъруфи дин, ҳоҷӣ Хоҷамир Хоҷамиров бо ҳузурашон барномаро рангу мазмуни тоза мебахшанд. Барнома барои кулли онҳое, ки мехоҳанд аз ҳақиқати ислом бохабар бошанду зиндагии ростро дар пояҳои ахлоқи ҳамида бунёд созанд, равона шудааст. Ровии барнома, журналист Илҳомҷон Ҳошимов ҳар ҳафта бо як мавзӯи нав ин барномаро ба кулли ҳаводорону ихлосмандонаш таҳия ва манзур месозад. «Чароғи ҳидоят» — раҳнамо ба олами маърифат, ахлоқ, худшиносиву инсонпарварӣ!

