Оё одамон хароҷоти зиндагияшонро ҳисобу нақшагирӣ мекунанд? Масалан, давлат буҷет дорад ва оила ҳам бояд буҷет дошта бошад. Мо то куҷо ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ дорем? Барномаи навбатии иттилоотиву таҳлилии “Набзи зиндагӣ” ба мавзуи “Саводи молиявӣ” бахшида шуда аст. Ин мавзуъ давоми чанд соли охир таваҷҷуҳи аксари қишрҳои ҷомеаро ба худ ҷалб кардааст. Барои чӣ имрӯз волидон фарзандони худро ба маҳфилҳои омӯзиши саводнокии молиявӣ мебаранд? Ин чӣ манфиат дорад. Ташкилотҳои ҷамъиятиву байналхалқӣ дар маҳалҳо бо мардум дар ин масъала омӯзишҳо мегузаронанд. Махсусан таваҷҷуҳ ба оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки маблағҳои мефиристодаи аъзоёни оиларо бояд дуруст ва мақсаднок истифода баранд. Ин ҳама дар ин барнома баҳсу баррасӣ гардидааст.