Рушди сайёҳии дохилӣ дар шароити пандемия

Соли 2019 ба Тоҷикистон зиёда аз 1млн. 250 ҳазор нафар сайёҳ омада буд, ки ин ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва инфрасохтори он таъсири мусбӣ гузошт. Соли 2020 ва инак шаш моҳи аввали соли 2021 рафта истодааст, ки пандемияи КОВИД-19 зиндагии одамони сайёраро тағир дод. Аз ҷумла соҳаи сайёҳӣ низ аз ин ҳолат таъсири ҷиддӣ гирифт. Шароити ширкатҳои сайёҳии вилоят дар ин айём чӣ гуна буд. То куҷо онҳо дар ин вазъи душвор фаъолият доранд? Қариб ҳамаи ширкатҳои сайёҳӣ дар ҷаҳон дар ин фурсат кормандони худро ба рухсатии бемӯҳлати бемузд ҷавоб доданд. Дар Тоҷикистон низ чунин ҳолат буд. Ҳоли ширкатҳои сайёҳӣ душвор аст. Масъалаи асосии барнома рушди сайёҳии дохилӣ аст. Дар ин ҳол мо то кадом андоза аз имкониятҳои мавҷудбуда истифода карда метавонем? Ин ҳама аз масоиле буданд, ки дар барномаи навбатии иттилоотиву таҳлилии «Набзи зиндагӣ» баррасӣ гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.