Дар рӯи олам аз рӯи раддабандии кишварҳое, ки соҳаи коркарди партовҳоро хуб ба роҳ мондаанд, ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар ҷои аввал меистад. Коркарди партовҳо ин як раванди нав дар ҳаракати экологӣ мебошад. Мо бо партоваҳо чӣ гуна муносибат мекунем, аз он ҳифзи муҳити зист, саломатӣ ва таркиби хок вобастагии калон дорад. Ташкили коргоҳе, ки бо коркарди партов фаъолият мебарад, осон нест, зеро ташкили корхона як масъала, ба роҳ мондани механизми кор ва он корро умр бахшидан кори дигар ва асосӣ мебошад. Тарбияи экологии шаҳрванд шарти муҳим дар ин самт мебошад. Ин ҳама аз масоиле буданд, ки дар барномаи навбатии иттилоотиву таҳлилии “Набзи зиндагӣ” баррасӣ шуд.