Зиёда аз 1000 нафар ҷавонони тоҷик ба кишварҳои ҷангзадаи Сурияву Ироқ рафта ба сафи ҷангиёни бо ном давлати исломӣ пайвастаанд. Ин ахбороти расмии ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва интизом аст.
Омилҳои ифротиву террорист шудани иддае аз ҷавонони тоҷик дар чист? Ин масъала дар барномаи навбатии Офтоби меҳрубонӣ муҳокима шуд. Коршиноси мавзӯъ дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДХБСТ Алиҷон Одинаев яке аз сабабҳои асосии гароидани баъзе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонуниро аз паст будани сатҳи фарҳанги сиёсии ҷавонон донист. Дигар омилҳо бо вазъи иқтисодӣ, бемасъулиятии волидайн ва сиёсати дугонаи имрӯзаи давлатҳои абарқудрати ҷаҳони муосир пайваста дониста шуд. Ҳамчунин бо мақсади муайян намудани сабабҳои террорист шудани баъзе аз ҷавонони гумроҳро дар сомонаи телевизион ба назарпурсӣ гузоштем. Натиҷаи он чунин аст:

Сабабҳои шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ дар чӣ мебинед?

Дидани натиҷаҳо

Загрузка ... Загрузка ...

Муовини раиси шӯрои уламои дини вилояти Суғд Хоҷамир Хоҷамиров дар барнома иштирок намуда гуфт, ки дини ислом ин хунрезӣ, беадолатӣ, фиребу гумроҳ кардан нест. Онҳое ки ба терроризму экстремизм даст доранд, номи дини мубини исломро сӯиистифода намуда, мақсадҳои зишти худро амалӣ мекунанд.
Наворе ки дар барнома намоиш дода шуд, аз саргузашти ҷавононе нақл намуд, ки чанде пеш аз давлати Сурия баргаштанд. Аз гумроҳиву пушаймонии худ ёдовар шуданд. Ассотсиатсияи «Зан ва ҷомеа» дар доираи лоиҳаи «Муқовимат ба шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ғайриқонунии террористӣ –экстремистӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳҳои муқовимат ва пешгирӣ намудани ин падидаи номатлубро дар ҷомеа байни ҷавонон ташвиқот мебаранд.

Барнома сабт шуд. Роҳҳои ҳалли масъала аз ҷониби худи ҷавонон ва дигар фаъолони ҷомеа муайян гардид. Ҷавонон усули суҳбати ҳамсол бо ҳамсолро ҷонибдорӣ намуданд. Пешниҳод гардид, ки маърифати сиёсӣ, динӣ ва дунявии ҷавонон баланд бардошта шавад. Корҳои фаҳмонидадиҳи вохӯриву суҳбатҳо, таҳияи барномаҳои сиёсии телевизионӣ муҳим дониста шуд. Ҳамчунин ҷоннок кардани нақши сохторҳое ки бо занон, ҷавонон корбарӣ менамоянд, кумитаи маҳаллаҳо, ҷамоату дигар сохторҳо барои пешгирии гароиши баъзе аз ҷавонон ба гурӯҳҳои ифродгаро муҳим аст. Ва аз ҳама муҳимаш таклиф шуд, ҷавононе ки ба муҳочирати меҳнатӣ рафтаанд ё рафтаниянд, таҳти назорати қатъии ҳам оила ва ҳам мақомотҳои дахлдор бояд қарор гиранд.

Шакли пурраи барномаи «Офтоби мехрубонӣ»

Радикализм ва терроризм омили вайроншавии ҷомеа

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.