Ин охирин ток-шоуи «Рӯ ба рӯ» дар доираи лоиҳаи «Ҳаёт ин филм нест» буд. Ин навбат низ устодони ҷавон аз муассисаҳои олӣ иштирок намуда, аз таҷрибаи зиндагии худ баҳс карданд ва роҳҳои ҳалли низоъро дар оилаҳои ҷавон пешниҳод намуданд. Хотиррасон менамоем, ки дар доираи лоиҳаи «Ҳаёт ин филм нест» се ток-шоуи «Рӯ ба рӯ» дар мавзӯҳои «Ҷавонон аз ҳамдигар чӣ мехоҳанд?» ва «Марҳилаи одат намудани навхонадорон ба зиндагии тоза, ё мутобиқшавӣ дар муҳити дигар» сабт карда шуд.
Мавод дар доираи лоиҳаи «Нигоҳ доштани тавозун: таҳкими устуворӣ ва аҳамиятнокии васоити ахбори оммаи мустақил дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии АМВАОМТ ва Томсон Медиа бо дастгирии молиявии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, амалӣ карда мешавад, омода гардидааст.