Ин баҳси навбатии ток-шоуи “Рӯ ба рӯ” буд, ки ин навбат дар барнома омӯзгорони ҷавон аз муассисаҳои олии вилояти Суғд иштирок намуда, марҳилаи мутобиқшавии худро дар муҳити нав арзёбӣ карданд. Иштирокчиёни барнома аз таҷрибаи зиндагии худ баҳс оростанд. Коршиносони барнома бошанд, ин мавзӯро аз нуқти назари иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҳуқуқиву равонӣ коршиносӣ намуданд. Ин мавзӯъ дуввумин барнома дар доираи лоиҳаи хурди “Ҳаёт ин филм нест” мебошад.
Мавод дар доираи лоиҳаи «Нигоҳ доштани тавозун: таҳкими устуворӣ ва аҳамиятнокии васоити ахбори оммаи мустақил дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии АМВАОМТ ва Томсон Медиа бо дастгирии молиявии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, амалӣ карда мешавад, омода гардидааст.