Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки бо табиат бештар дӯстӣ кунем. Ақалан шинонидани ниҳолу сабз кардани он, гулпарвариву нигоҳубини вай ба одам қуввату саломатӣ мебахшад. Лекин барои аксарият қоидаҳои ниҳолшинониву гулпарварӣ ношинос аст. Ин аст, ки дар урфият одамони дарахти зиёд парвариш намуда, гулҳои зебо шинонидаро дасташ сабз мегӯянд. Равишу парвариш, қоидаву меъёрҳои дасти сабз доштан дар барномаи навбатии Печутоби замон фаҳмонида дода шуд. Коршиносон тавсия медиҳанд, ки вакти овардани тухмиву кӯчати гулу бутта ва дарахтони ба иқлими мо бегона бояд эҳтиёт шуд, чунки ин ҳам яке аз воситаи паҳншавии баъзе намуди бемориҳо мешавад. Идомаи мавзӯъро баъди тамошои пурраи ток шоу худ қазоват кунед.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.