Вақте косаи сабр лабрез мешавад…

Яке аз лоиҳаҳои муваффақи СМ-1 аст, ки давоми ҳафт соли охир аудиторияи худро пайдо карда байни тамошобин маҳбубияти хоссаи худро дорад.

Журналисти варзидаи ин телевизион Муҳаббат Муродова муаллиф ва барандаи «Офтоби меҳрубонӣ» аст. Дар оғози кор ин барнома бештар бо мавзуъҳои вобаста ба занон ва мушкилоти онҳо кор мекард ва баъдан сари масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ бештар кор гирифта мушкилоти ин соҳаҳоро баҳсу баррасӣ мекунад.

Аудиторияе ки дар дохили студия ҷамъ мешавад, намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеъа аст ва ана ҳамин гуногунӣ боиси гуногунандешӣ ва тамошобоб шудани барнома мегардад. СМ-1 дар таҳияи барномаҳои калонҳаҷм, махсусан ток-шоу таҷрибаи хуб дорад.

Барномаи «Офтоби меҳрубонӣ» бо Муҳаббат Муродова рейтинги хоссаи худро дорад. Ҳар ҳафта шоми панҷшанбе тамошобинон соати 20.00 дар СМ-1 «Офтоби меҳрубонӣ»-ро бо мавзӯи тозаву ҷолибаш тамошо мекунанд.

Дар таҳияи барнома гурӯҳи эҷодӣ бо сарварии директори ин лоиҳа Акрам Ӯрунов, сармуҳаррир Илҳом Ҳошимов, журналист Бобоҷон Қурбонов, наворбардорон Насим Раҳимов, Наим Аюбов, Илҳом Фозилов ва Юсуф Юнусов заҳмат мекашанд, зеро маълум аст, ки кор дар телевизион меҳнати дастҷамъонаро талаб мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.