Либоси миллӣ нишонаи фарҳанг аст, ин мавзӯъ дар ток шоуи Печутоби замон матраҳ гардид. Аз таърихи пайдоиши матоъ, дӯхтани либос ва омехташавии тарҳи миллӣ ба шакли муосирро олимон дар барнома баён карданд. Ҳунармандон маҳсули кори худро дар студия ҷой доданд. Гулдухтарон намудҳои либоси миллиро дар ҳавои сурудҳои атласу адрас намоиш доданд. Барномаи Печутоби замон баҳорона, идона, тоҷикона ва ҷолиб шуд, тамошо кунед!