Алҳол хурӯҷи бемории мавсимии сироятии зуком аст. Ва табибон пайваста риояи чораҳои беҳдоштиро таъкид мекунанд. Аммо одамоне, ки гурӯҳӣ сироят меёбанд, дар шубҳаанд. Зеро ин мавсими зуком низ дар шароити пандемия ба вуҷуд меояд. Дар барномаи Печутоби замон масъулони соҳаи тандурустӣ бовар мекунонанд, ки алҳол хуруҷи шамолкашии мавсимӣ буда, сокинон аз ҳисоби беаҳмиятӣ сироят меёбанд. Паҳлӯи дигари мавзӯъ ин эмгузаронӣ зидди ковид 19 аст. Маълум гардид, ки зиёда аз 300 нафар табибони тибби хусусӣ худ то ҳол ваксина қабул накардаанд.