Ин унвони мавзӯи навбатии Печутоби замон дар симои мустақили якум аст. Барнома ба 70 солагии ҷашни мавлуди шоира Муаттар Ғаниева бахшида шуд. Устоди сухандонро дӯстон, ҳамкорон, шогирдон, пайвандон шодбош гуфтанд. Лаҳзаҳои ширини зиндагӣ, хотираҳои рангини ҳаётӣ, шеъри баланди шоира варақгардон шуд. Ҳар як нафаре, ки дар ҳаққи муаллима ҳарфи дили худро ба забон меовард, пеш аз ҳама самимона мегуфт, ки хоксортарин инсон ҳастанд. Ҳизмати Муаттар Ғаниева дар ташкил ва нигоҳдошти осорхонаҳои устодон М. Турсунзода ва М. Аминзода бузург аст. Маҳфили чашнӣ дар чаҳорчӯбаи барномаи телевизионӣ хеле ҷолиб ва хотирмон гузашт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.