Санаи 2 – юми августи соли равон ба иҷроиш даромадани Қонуни ҶТ дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд панҷ сол сипарӣ мешавад. Падару модар эҳсос намуда истодаанд, ки дар тарбияи фарзанд масъулияти бузург доранд, зеро ин пеш аз ҳама меваи умри онҳо аст ва ояндаи наслу авлод аз фарзандони солиму тарбиятдида вобастагии зич дорад. Мавзӯи навбатии барномаи Офтоби меҳрубонӣ ба масъалаи риояи қонуни масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд бахшида мешавад. Барнома санаи 29 уми июл соати 10.00 сабт мешавад. То ин фурсат дар назарпурсӣ иштирок намоед.


