«Панҷ соли масъулияти падару модар» бо ҳамин унвон барномаи навбатии Офтоби меҳрубонӣ сабт шуд.
Панҷ соли масъулияти падару модар чӣ натиҷа дод? Дар ин хусус иштирокчиёни барнома, шахсони масъул ибрози ақида намуданд. Дар ин барнома гунногунандешӣ буд. Аҷобаташ дар он ки ҳанӯз панҷ сол қабл ҳангоми муҳокимаи лоиҳаи конун андешаҳо гуногун буданд.

Дар мавриди он ки оё воқеан ҳам қонуни масъулият зиндагии моро тағир дод? журналист, номзади илмҳои филологӣ, устоди ДДХБСТ Ислом Раҳимов фикри худро баён намуда гуфт, ки тағироти ҷиддие ба назар намерасад. Волидоне ки аз ин пеш бомасъулият буданд, имрӯз ҳам вазифаву ӯҳдадориҳои худро медонанд. Падару модари нисбати фарзанд беаҳмият, имрӯз низ бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд.

Sequence 01.Still002

Коршиноси мавзӯъ сиёсатшинос, номзади илми таърих Алиҷон Одинаев чора ё худ ҷавобгарии маъмурие, ки нисбати падару модарони бемасъулият қонун пешбинӣ кардааст, (масалан ҷаримабандӣ ба маблағи 40 сомонӣ) таъкид намуд, ки кам аст. Волидоне ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба дигар кишварҳо рафтаанд, ин боз як мушкилоти дигар аст, ки ҳолатҳо ва ҳодисаҳои воқеии вобаста ба ин ёдрас шуд. Дар барнома, бештар кадом намуди қоидавайронкунӣ ба қайд гирифта шудааст, таъкид шуд. Тамошо кунед!

Шакли пурраи барномаи «Офтоби мехрубонӣ»
Панҷ соли масъулияти падару модар

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.