Оё китоби қоғазиро китоби электронӣ иваз карда метавонад? Ин мавзӯи навбатии Печутоби замон буда, ба муҳокима гузошта шуд. Омӯзгорони мактаб аз норасогии китобҳои дарсӣ камтар гуфтанд. Ин дар ҳолест, ки онҳо боварӣ доранд, китоби электронӣ китоби коғазиро иваз карда наметавонад. Мутахассисон бошанд марҳила ба марҳила гузариш ба маорифи рақамӣ ё худ электрониро тасдик карда истодаанд. Дар ҳамин ҳол волидайн аз пурра дастрас накардани китобҳои дарсӣ барои фарзандони худ дар ташвишанд. Китобҳои дарсии лозимаро аз нуқтаҳои китобфурӯшӣ харидорӣ карда истодаанд. Коршиноси барнома устоди донишгоҳ, мутахассиси соҳаи барномасозӣ паҳлӯҳои мусбиву манфии китоби электрониро шарҳ дод.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.