Ҳар як нафар шаҳрванд дар як маврид истеъмолкунанда аст ва ҳуқуқҳои худро дорад. Дар Тоҷикистон доир ба ин мавзуъ қонун қабул шудааст ва санадҳои дигари ҳуқуқие амал мекунанд, ки ба самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунанда равона шудааст. Таҷрибаи 20 соли охир чӣ натиҷаҳоро нишон медиҳад? Мардум дар баланд бардоштани маърифати истеъмолии худ то куҷо кӯшиш дорад? Истеҳсолкунанда, ё фурушандаи маҳсулот то куҷо аз ҳуқуқҳои истеъмолӣ андеша мекунанд? Оё таҷрибаи ба суд кашидану товон руёнидан, ё амсоли ин ҳолат ҷой дорад? Ин ҳама аз масоиле буданд, ки дар барномаи навбатии «Набзи зиндагӣ» баррасӣ шуд.