Минбаъд муштариёни мобилии Tcell ва Beeline метавонанд дар ҷамъоварии маблағ барои каҳрамонони барномаи «Ормон» кўмак намоянд. Пардохти хайриявӣ тариқи ирсоли SMS паёмак ба рақами кўтоҳи 1519 сурат мегирад. Арзиши як SMS 1 сомониро ташкил медихад. Маблағхое, ки тариқи SMS ба рақами 1519 қабул мегарданд, барои табобати кўдакони бемор ва нафарони маъюбу маҷрўҳ сарф мегардад.
Ёдовар мешавем, ки барномаи «Ормон» ҳар рўзи ҷумъа соати 20:10 ва такроран субҳи шанбе соати 08:00 тариқи Телевизиони СМ-1 таҳия ва пахш мегардад.
«Ормон» ин барномаест, ки аз тақдир, орзу ва ормони дили нафароне нақл мекунад, ки имруз ба таваҷҷўҳи ҷамъият ниёз доранд. Шахсони яккаву танҳо, ятимон, беморон, оилаҳои камбизоат, пиронсолон ва ниёзмандон, дар маҷмўъ, ҳамаи қишрҳои эҳтиёҷманди ҷомеъа қаҳрамонони ин барномаанд.
Нахустнамоиши барномаи «Ормон» 10 августи соли 2012 буд. То имруз Ормон дар зиндагии даҳҳо нафар одамони танҳомондаву печидамушкил гардиши мусбӣ ба амал овард, дасти кўмак дароз кард. Ин кўмак аз ҷониби бинандагони сершумори ин барнома буд.
Ҳадафи асосии барномаи Ормон низ дидану шунидан ва нишон додани ормони дили умедворон аст. Онхое, ки мушкили доранд ва дар ҳалли он дасташон кўтох аст ва оҷизӣ мекашанд, Ормон ба кўмаки онҳо мешитобад.
Аксар вақт ҷамъоварии маблағ тариқи қуттиҳои хайриявӣ ё бо пардохти суратҳисоби бонкӣ сурат мегирифт. Акнун бо пайваст намудани SMS рақам ба барномаи «Ормон», кўмак расонидан ба маъюбону бемороне, ки ба Телевизиони СМ-1 муроҷиат мекунанд, боз ҳам осону қулай гардид.
Ҳисоботи пурраи маблағҳое, ки тариқи SMS рақами 1519 ба Фонди хайриявии «Ормон» ворид мегардад, моҳе як маротиба тариқи телевизиони СМ-1 иникос меёбад. Бояд қайд намуд, ки рақами кўтоҳи 1519 махсус барои барномаи хайриявии «Ормон» аз тарафи Вазорати алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон чудо карда шуд. Хизматрасонии техникиро барои пайваст намудани рақами кўтоҳи 1519 ба барномаи хайриявии Ормон ширкати мобилии Tcell ва Beeline низ ройгон амалӣ ва таъмин месозад.
Танҳо дар ҳамдаству ҳамкорӣ мо метавонем ба нафароне ки ниёзманданд, кўмак намоем.
Пайгири барномаи Ормон бошед!

от Parvina Azizova

Парвина Азизова - журналист ТРК СМ-1, член Союза Журналистов Таджикистана. Основатель Благотворительного фонда "Ормон"

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.