#ормон #ПарвинаАзизова

Чанде пеш ба суроғи телевизиони СМ-1 писарчаи 10 сола Умарҷон Ҳусейнов ҳамроҳи модараш Зайнура Хусейнова ташриф овард. Чанде пеш кӯдак дар бистари беморӣ касалу лоғар хоб буд. Писарча бемории вазнини ҷигар дошт. Барои шифоёбии кӯдак фавран гузаронидани ҷарроҳии гаронбаҳо лозим гашт. Хушбахтона пас аз намоиши як барномаи «Ормон» дар тақдири ин кӯдаки мааъсум низ гардиши куллӣ ба амал омад. Маблағи ҷарроҳӣ дар хаҷми 123632 сомонӣ бо кӯмакпулии мардуми саховатпеша ба зуддӣ чамъ гашту, Умарчон Хусейнов ҳамроҳи модараш дар шаҳри Душанбе дар Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон ҷарроҳӣ шуд. Модараш, ки донори кӯдак буд, пас аз гузашти ҷарроҳӣ аз аҳволи худаш ва фарзандаш чӣ нақл мекунад? Дар ин бора аз навори навбатии барномаи телевизионии «Ормон» тамошо кунед:

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.