#ормон #ПарвинаАзизова

Писарчаи 14 сола, Хушруз Ашӯров то ин муддат ду маротиба ҷарроҳӣ гашт. Ташхиси модарзодии дил, Тетрада Фалло дошт. Дар холати вазнин соли 2019 дар беморхонаи касалихои дили шаҳри Хуҷанд бистарӣ буд. Аз сабаби норасогии кори дил, лабу нохунҳояш кабудии баланд пайдо кард. Писарча дар ҳолати бехушӣ қарор дошт. Соли 2019 табибон барои беҳтар намудани кори дил ба кӯдак фавран марҳилаи аввали ҷарроҳиро бо гузоштани анастамози байнисистемавӣ гузарониданд. Пас аз гузашти ду сол ба писарча марҳилаи дуюми ҷарроҳӣ тавсия гашт, ки санаи 13-уми октябри соли 2021 дар Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Сущд бомуваффақият амалӣ гашт. Арзиши хароҷоти ду марҳилаи ҷарроҳӣ дар маҷмӯъ 42400 сомониро ташкил намуд, ки бо кӯмакпулии мардуми саховатпешаи диёр тавассути Фонди хайриявии «Ормон» пурра пардохта шуд. Пас аз гузашти ду моҳи ҷарроҳӣ Хушрӯз чӣ ҳол дорад? Дар ин бора навори навбатии барномаи телевизионии «Ормон» нақл мекунад:

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.