#ормон #ПарвинаАзизова

Писарчаи 3 сола Муҳаммадҷон Абдувализода бемории вазнини дил дошт. Норасогии кори дил ба фишорбаландии шараёни шуш оварда расонид. Хушбахтона дар чаҳорчӯбаи барномаи хайриявии «Ормон» ба кӯдаки бемор сари вақт амалиёти ҷарроҳии пластикаи нуқсони тавораи байнимеъдачагӣ гузаронида шуд. Арзиши хароҷоти ҷарроҳӣ дар ҳаҷми 26000 сомонӣ пурра аз тарафи Фонди хайриявии «Ормон» пардохт гардид. Модаркалонҳои писарча ҳоло дар хаққи шифокорон ва мардуми саховатпеша дасти дуо мебардоранд ва шукрона мегӯянд. Муфасал дар ин бобат, навори навбатии барномаи «Ормон» омода гаштааст:

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.