Ковид -19 таъсири худро ба саломатии инсон гузошт. Нафаре нест, ки ба ин вирус гирифтор нашуда бошад. Оризаҳои онро низ дида истодаем. Ҳамеша ба табибон муроҷиатамон зуд-зуд шуда истодааст. Баъди муолиҷа одати тавсияи витаминҳо аз ҷониби табибон зиёд шуда истодааст. Аксарият витамини Д-ро тавсия дода истодаанд. Чаро ин беморӣ аз мо ин витаминро “шуста” истодааст? Тоифае аз духтурон витаминҳои гуногунро тавсия медиҳанд. Гуруҳе аз одамон худашон витамин меҷӯянд. Аз китобу интернет мехонанду тармеваю сабзавотхур шудаанд.