Чанд соли охир масъалаи номгузорӣ барои аҳли ҷомеа, ба мушкилот табдил меёбад. Зеро ному номгузорӣ ба кӯҳнаву нав тақсим шудааст. Дар барномаи Офтоби Меҳрубонӣ ин мушкилот баррасӣ шуд. Дар ин барнома рамзан 4 номи занона интихоб гардид, ки бо омадани баҳору гармии рӯзгор, покизагии зану меҳру садоқати он тавъам аст. Азбасаки ин мавзӯъ ба арафаи таҷлили рӯзи модар рост омад, танҳо занҳое, ки номи Гулбаҳор, Мунаввар, Мастура ва Муҳаббатро доранд, даъват шуданд. Мавзӯъ бо мушкилоташ кушода аст. Дар сомонаи телевизион то фурсати таҳияи барнома назарпурсӣ гузаронида шуд. Мақсад баъди натиҷаи назарпурсӣ муайян шуд. Хавфи аз байн рафтани ҳамин номҳо ба миён омаданаш мумкин.

Кадоме аз ин номҳоро барои фарзандатон интихоб мекунед?

Навори барнома аз ҳаёту фаъолияти як зани ҳунарманд, ки на танҳо номаш, балки насабаш ҳам  ба муаллифи Офтоби Меҳрубонӣ монанд аст: Муҳаббат Муродова нақл кард. Тавассути ин навор иштирокдорони барнома аз таърихи номгузорӣ шудани ин зан огоҳ шуданд. Хеле ачоиб. Маълум шуд, ки авусуни Муҳаббат ҳамноми худаш будааст. Хушдоман бошад, арусҳояшро Муҳаббати яку Муҳаббати ду гуфта муроҷиат мекардааст.

Барнома сабт шуд. Дар барнома аз номҳое ки даҳсолаҳои қаблина хеле маъмул буданду имрӯз кам номгузорӣ мешаванд, ба монанди Бишарифа, Бисоро, Қимматой, Хайринисо, Шарафнисо, Ҷамила ёдрас шуд. Имруз чои ин номхоро Музайяну Сумайя, Асияву Муздалифа гирифтааст. Ба хотири он ки  ҳамин чаҳор номи занонаи дар барнома интихобшуда Гулбаҳору  Мунаввар, Мастураву Муҳаббат эхтимолияти гум шуданаш шиддат нагирад, мазмуну маънои он аз ҷониби коршиноси барнома Абдуфаттоҳ  Кулолӣ батафсил шарҳ дода шуд. Ин барномаи Офтоби Меҳрубонӣ аз дигарҳояш фарқ дошт. Зеро ин навбат иштирокчиёнаш бо дастовез рафтанд.

Шакли пурраи барномаи «Офтоби мехрубонӣ»

Номи ман ифтихори ман

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.