Нигоҳи зан сардиҳоро гарм месозад. Ин мавзӯи охирони Печутоби замон дар соли 2022 буд. Барнома сабти сайёр дошт ва қаҳвахонаи 5&5 макони баргузории барнома гардид. Гурӯҳи Нигоҳи зан дар Фейсбук яке аз фаъолтарин гурӯҳи занона аст. Меҳмонони барнома низ маъмурон, модераторон, аъзоёни фаъоли Нигоҳи зан буданд Бо занҳо дар бораи занҳо сӯҳбати гарму самимӣ ҷараён гирифт. Ин барнома тамошобинонро бо мақсад ва мӯҳтавои гурӯҳи Нигоҳи зан дар Фейсбук ошно мекунад. Маҳфили идонаи бонувонро сарояндагони мумтози вилоят гармтар карданд. Шоми 31 уми декабр ва субҳу бегоҳи санаи 1 уми январи соли 2023 тамошо кунед!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.