Зимни нишасти матбуотии ҷамбасти соли 2015 аз ҷониби роҳбарияти ҳукумати вилоят пешниҳод шуд, ки дар мактабҳои миёна бояд муаллимон аз рӯи ихтисос ва маълумоти олӣ ба толибилмон дарс гӯянд. Зеро соли гузашта 45 нафар муаллимон бо маълумоти олӣ бе ҷои кор монданду ҳамзамон 65 нафар омӯзгорон бе маълумоти олӣ ба насли наврас дарс мегӯянд. Ин супориш барои маорифчиён муаммои навро ба миён овард. Омӯзгорони ботаҷрибае ки маълумоти миёна доранд, дар фикри олӣ намудани маълумоташон ҳастанд. Лекин то ба нафақа баромадан ҳамагӣ чанд сол мондаасту халос. Мушкилот кушода бокӣ мемонад. Ин масъала дар барномаи навбатии «Офтоби мехрубонӣ» пайгирӣ мешавад. Бинобар ин фикри шумо муҳим аст. Аз ин рӯ дар назарсанчии зерин фаъолона ширкат варзед ва мавқеи худро муайян намоед. Бетараф набошед!

Роҳбарияти ҳукумати вилоят талаб дорад, ки муаллимон аз рӯи ихтисос ва маълумоти олӣ кор кунанд.

Дидани натиҷаҳо

Загрузка ... Загрузка ...

Гузашта аз ин агар ин мавзӯъ бароятон муҳим бошад, рӯзи ҷумъа санаи 22 январ соати 10.00 дар студияи сабти барномаи «Офтоби меҳрубонӣ», воқеъ дар кӯчаи Ленин 179, шафати Кохи Рудакӣ метавонед иштирок кунед. Ҳамчунин фикру дархости худро тариқи телефони (92) 779-87-50 ба мо баён намудан мумкин аст. Андеша, пешниҳоди худро дар бахши шарҳҳои маводи мо гузоред.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.