Мо дар ватан истода аз ҳоли муҳоҷирон сухан мекунем. Аслан муҳоҷир, ё мусофир будан кори саҳл нест. Муҳоҷират ба он ҷое, ки на ҳамеша туро хуш истиқбол мегиранд. Дар муҳоҷирати меҳнатӣ баробари манфиати иқтисодӣ мушкилот бештар аст. Муҳоҷирони мо дар шароити пандемия чӣ ҳол доштанд? Дар барномаи навбатии иттилоотиву таҳлилии “Набзи зиндагӣ” вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ дар шароити пандемияи Ковид-19 баррасӣ шудааст.