Дар рӯи олам мувофиқ ба санаи 25-юми июли соли 2021 ба 3,86млрд нафар аҳолии рӯи олам ваксина гузаронида шудааст ва аз ин шумора 1млрд 70млн нафар пурра ваксинатсияро гузаштаанд, ки ин баробари 13,7% аз шумораи умумии аҳолии руи замин мебошад. Мо дар оғози барнома гуфтем ки агар 70% аҳолии руи олам пурра ваксина гиранд, он гоҳ пеши роҳи вирус гирифта мешавад. Дар барномаи навбатии иттилоотиву таҳлилии “Набзи зиндагӣ” мавзуи аҳамият ва зарурати ваксинагирӣ баррасӣ гаштааст.