Набзи зиндагӣ || Шароити низоми кории фосилавӣ дар пандемия

Мавзӯи навбатии барнома ба масъалаи фаъолияти фосилавӣ бахшида шуд. Ин ҳолат дар шароити пандемия басо маъмул буд. Дар Тоҷикистон агарчи ба кори фосилавӣ пурра нагузашта бошанд ҳам, аммо бархе аз ташкилотҳои хориҷиву молиявӣ ба низоми фосилавии корӣ гузаштанд. Гузориши аввал дар вазъи ин масъала дар кишвар ва кадом соҳаҳо бештар ба кори фосилавӣ гузаштанд. Кор дар низоми фосилавӣ чӣ манфиат дорад? Мушкилоташ чӣ аст? Одамон оё одат карданд, ё одат карда натавонистанд? Оё ҳамаи корҳо бояд ба низоми фосилавӣ гузаронида мешаванд? Коргоҳҳо то куҷо ба ин низоми нави корӣ мутобиқ шуда истодаанд? Ӯҳдадориҳои корманд дар шароити низоми кории фосилавӣ(НКФ) тағир мехуранд? Ин ҳама аз масоиле буданд, ки дар барнома баррасӣ гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.