Мавзӯи навбатии барномаи иттилоотиву таҳлилии “Набзи зинд агӣ” мо дар боби сабақҳои пандемия барои соҳаи тандурустии кишвар мебошад. Аввалҳои соли 2020-ум мо дар бораи вируси тоҷдор аз ВАО хориҷӣ маълумот доштем ва намедонистем, ки ин дар камтарин фурсат домани моро низ мепечонад. Мо 30-юми апрели соли 2020 эълон кардем ки дар Тоҷикистон сироятёбӣ аз ин вирус ба қайд гирифта шудааст. То ҳанӯз ҳам мушаххас нест, ки ин вирус аз лаборатория берун оварда шудааст, ё аз кӯршапарак ба одам гузаштааст? Воқеият он аст, ки имрӯз мардум баъди гирифторӣ одат карда истодааст, ки чораҳои беҳдоштӣ риоя шавад. ниқоб мегиранд ва дастҳояшонро бо маҳлулҳои антисептикӣ безарар мегардонанд. Вирус мушкилот, ё заъфи соҳаи тандурустии моро рӯи об баровард. Ҳама хуб фаҳмиданд, ки мо куҷо мушкилӣ дорем. Аммо, “мушкиле нест, ки осон нашавад…”