Набзи зиндагӣ |||| Муносибати мо ба манбаҳои алтернативии энергия

Инсоният дар баробари рушди технологияи муосир ҳамеша мекӯшад нерӯеро ихтироъ кунад, ки ҷовидона бошад. Кадом нерӯ тамомнашаванда аст? Нерӯи арзонтарин дар кишвар кадом аст? Ин ҳама аз суолҳое мебошад, ки посух меҷӯяд. Дар Тоҷикистон нерӯи аз ҳама арзону дастрас — ин барқ аст, ки аз қувваи об истеҳсол карда мешавад. Тоҷикистон дорои захираҳои бои гидроэнергетикӣ мебошад. Дар як худи рӯдхонаи Вахш бунёди чанд НОБ мисоли рӯшани ин гуфтаҳост. Дар шароити Тоҷикистон ба ҷуз нерӯи об боз аз кадом нерӯ истифода карда барқу гармӣ гирифтан мумкин аст? Ин аз масоиле буданд, ки дар барномаи навбатии иттилоотиву таҳлилии “Набзи зиндагӣ” баррасӣ карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.