Набзи зиндагӣ ||| Дирӯзу имрӯзу ояндаи соҳаи маориф

Дар Тоҷикистон аз соли 1991 то ба имрӯз 3020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудааст. Ин нукта аз Паёми имсолаи Президент гирифта шудааст. Соли гузашта дар кишвар 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Агар ба миёнаҳои солҳои навадум ва аввалҳои соли 2000-ум назар андозем соҳаи маориф пас аз мушкилоти иқтисодӣ ҳоли душвор дошт. Шумораи мактабҳое ки синфхонаҳояш дар вагонҳо ҷой дода шуда буданд, кам набуд. Рақамҳои имрӯз нишон медиҳанд, ки дастгирии маориф ояндаи ҷомеъаи соҳибилм аст.  Мавзуи навбатии барномаи иттилоотиву таҳлилии «Набзи зиндагӣ» аз дирӯзу имрӯзу ояндаи соҳаи маориф сухан мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.