Маълум аст, ки фоизи бештари муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ ҷавонони синну солашон 18-40сола мебошанд. Яке аз мушкилоти асосие, ки сафари онҳоро ба хатар мепечонад, ин ба пуррагӣ ба сафар омода нашудани онҳо мебошад. Аксарияти ҷавонон сафарро барои меҳнат дар кишвари ғайр сабук медонанд ва гумон мекунанд, ки будубош ва ҷои кор дар он ҷо бемалол аст. Аз калонсолон маслиҳа мегиранду аз ниҳодҳои кор бо муҳоҷирон кам медонанд. Таҳияи ҳуҷҷатҳои сафар низ онҳоро кам ташвиш медиҳад. Ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳо бештар мехоҳанд, ки аз роҳи ғайрирасмӣ кор гиранд. Чаро чунин аст? Чанд ҳодисаҳои ахири хориҷкунӣ(выдворение)-и муҳоҷирони меҳнатӣ ин агарчӣ бесабаб аст, аммо барои кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ сабабҳо гуногун буда метавонад. Шарти асосии дар муҳоҷират бехавф зистан- ин донистани қонунҳои он кишвар, забон ва риояи талаботҳои ҳуҷҷатгузорие ки қонунгузории он кишвар талаб мекунад.

Один комментарий к “NABZ№01 Муҳоҷирати меҳнатӣ: мушкилоти омодагӣ ба сафар”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.