Мавзӯи навбатии барномаи «Набзи зиндагӣ» масъалаи ғизои солим ва баланд бардоштани иммунитет аст

Пандемия нишон дод, ки пас аз гирифторӣ ба беморӣ яке аз роҳҳои барқарор кардани саломатӣ ин истеъмоли ғизои солим мебошад. Имрӯз мо чӣ мехурем? Дар ҳоле, ки нархи маҳсулоти зарурии рӯзгор боло рафта истодааст, мардум то куҷо ба харидори он имконияти молиявӣ дорад? Имрӯз маълум аст, ки нархи гушт баланд аст. Гӯшт мисли равған маҳсулоти ғизоии аввалия ба ҳисоб меравад. Чун гӯшт қимат шуд, мутахассисони соҳаи нигоҳдошти саломатӣ тавсия медиҳанд, ки мардум аз маҳсулоти полизӣ, махсусан лубиёгиҳo истифода кунанд, зеро дар таркиби он сафедаҳо зиёд буда, метавонад дар мавридаш ҷои гӯштро иваз кунад. Мавзуи навбатии барномаи иттилоотиву таҳлилии «Набзи зиндагӣ» ба масъалаи ғизои солим ва баланд бардоштани иммунитет бахшида шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.