Имрӯз мушоҳида мешавад, ки марказҳои омӯзиши забонҳо зиёд шуда истодааст. Шумораи зиёди иштирокчиён- омӯзандагони забонҳои хориҷӣ рӯз аз рӯз афзун шуда истодааст. Ҳатто Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз зарурати донистану омӯхтани якчанд забон барои шаҳрвандони кишвар махсус таъкид намуд. Пас имрӯз ҳолати омӯзиши забон дар чунин марказу маҳфилҳои забономӯзӣ дар кадом сатҳ аст? Ташкили чунин маҳфилҳои забономӯзӣ, ки албатта ройгон нест, то куҷо сифати хуби омӯзишро таъмин кардааст? Ин мавзӯъ ин ҳафта рӯзи чумъа, санаи 29-уми январ, соати 10.00 дар сабти навбатии барномаи Офтоби меҳрубонӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад. Бо мақсади фарогирии пурраи ин мавзӯъ дар сомонаи телевизиони СМ-1 пурсиш-назарсанҷӣ гузаронида мешавад. Шумо метавонед андешаҳоятонро баён созед.

Аз хизматрасонии марказҳои забономӯзӣ қаноатманд ҳастед?

Дидани натиҷаҳо

Загрузка ... Загрузка ...

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.