Ин мавзӯи мубрам дар ток шоуи Печутоби замон муҳокима шуд. Коршиносон роҳҳои дурусти муносибат бо ноболиғро пешниҳод намуданд. Тағирёбии физиологии кӯдак ба ҳолати равонии вай дар давраи гузариш бетаъсир намемонад. Ин ҳолати табиӣ аксарияти падару модаронро ба ташвиш меорад. Бетаваҷҷӯҳӣ нисбати ноболиғ як умр ҳаёташро доғдор карданаш мумкин. Бино ба маълумоти мутахассисон давраи ба балоғатрасии кӯдак аз 10 солагӣ оғоз мешавад. То ба камол расидан кӯдак марҳилаи душвортаринро аз сар мегузаронад. Ин давраи умри инсон барои духтарон мушкил аст, ё писарҳо ин масъалаи дигар аст, ки дар Печутоби замон матраҳ гаштааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.