Мавзӯъро коршиносон хеле муҳим ва актуалӣ номиданд. Ин мавзӯъ ҳанӯз ҳам муҳимияташро гум накардааст. Як хонанда то хатми мактаби миёна 5-6 мактабро давр зада, дар андешаи боз мактаби дигар аст. Иштирокдорони барнома ба ин ҳолат бештар волидонро айбдор карданд. Падари хонандаи як мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Б.Ғафуров гуфт, ки агар шароити молиявиаш даст диҳад, ҳатман писарашро ба мактаби хусусӣ медод. Ҷойивазкунии талаба як тараф, ин дард ба муаллимон ҳам часпидааст. Хонанда маълум, ки дар ҳамдастӣ бо волидонаш мактаберо ҷустуҷӯ доранд, то саводашро он ҷо мукаммал намояд. Аммо омӯзгор чаро ҷои корашро иваз мекунад. Сабаб чист? Гиреҳи ин муамморо Печутоби замон мекушояд. Тамошо кунед!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.