Моҳи август ин фурсати тараддуди волидон барои омода кардани фарзандон ба мактаб аст. Оилаҳои суннатии мо асосан ду, ё се фарзанди мактабхон доранд. Барои оилаҳои камбизоат харидории либосу лавозимоти хониш ба2-3 нафар фарзанди мактабхон мушкил аст. Дар ин маврид мактаб ба кӯмаки волидон шитофтааст. Маторо интихоб мекунад, бо коргоҳҳои дӯзандагӣ шартнома мебандад, ки барои хонандагонаш либоси ягонаи мактабӣ таҳия созад. Волидон онро бо нархҳои дастрас вобаста ба андозааш барои фарзандонашон харидорӣ мекунанд. Нархаш мувофиқ аст, аммо на ҳама аз сифати дӯхтани он, ё матоъ қаноатманданд. “Набзи зиндагӣ” ин мавзуро пайгирӣ намуд.