Имрӯз дар ҷаҳон аз 700 нафар кӯдак 1 нафараш бо синдроми Дауна ба дунё меояд. Дар миқёси вилояти Суғд 107 нафар кӯдакон бо синдроми Дауна умр ба сар мебаранд. Ин гуна кӯдаконро «офтобӣ» меноманд. То имрӯз волидоне, ки фарзандони офтобӣ доштанд, аз худ кам дарак медоданд. Вақте ташкилоти “Назари дигар” онҳоро пайдо карду сарҷамъ сохт, ҷомеъа фаҳмида истодааст, ки муносибат ба чунин кӯдакон бояд баробар бошад ва барои воридшавии онҳо ба ҷомеъа бояд кӯмак ва дастгирӣ намуд. Таваҷҷӯҳ ин масъаларо бо масъулони идораҳое, ки ба саломативу хониши минбаъдаи кӯдакон ҷавобгӯ мебошанд, баррасӣ намуд.