Ток-шоуи навбатии “Рӯ ба рӯ” дар мавзӯи навбатӣ мустақилияти интихоби ҷавононро таҳлил намуд. Дар барнома ду ҷониби фикрҳои ба ҳам зид иштирок намуданд, ки яке мустақилияти пурраи ҷавононро мехостанд ва дигар ҷониб бар он буданд, ки ҷавонон барои истиқлол ҳоло таҷрибаи кофии зиндагӣ надоранд. Бинобар он бояд волидонашон ҳамсафари ояндаи онҳоро интихоб намоянд. Дар баробари мустақилияти интихоб, истиқлоли зеҳниву, иқтисодии ҷавонон аз ҷониби иштирокчиён ва коршиноси барнома таҳлил карда шуд.