Агар хоҳӣ ки озод бошӣ, ғуломи қонун бош! Ин ҳикмат аз файласуфони Юнони қадим аст, ки ҳазорсолаҳо арзиши маъноиву замонии худро гум накардааст. Дар Симои Мустақили якум барномаи навбатии “Таваҷҷӯҳ” ҳар ҳафта шоми чоршанбе манзури бинандагон аст. Мушкилӣ он ҷо сар мезанад, ки агар таваҷҷӯҳ кам бошад. Мо дар ин силсилабарномаҳои худ аз як зуҳуроти номатлуб- ифротишавии ҷавонон ва роҳҳои пешгирӣ аз гароиш ба равияҳои тундгароӣ, мавзуҳои пешгирӣ аз ифротишавӣ дар ҷомеъа сухан мекунем. Ин як раванди бисёр хатарнок ва мушкилзо дар ҷомеъа ба ҳисоб меравад. Бинобар ҷомеъаро зарур аст, ки дурустро аз нодуруст фарқ карда тавониста, дар роҳи нигоҳдошти амну субот дар ҷомеъа ҳиссагузор бошад. Дар ҷомеъа зиста, аз роҳҳои ҳалли мушкилоти он худро берун гирифтан дуруст нест. Барномаи навбатӣ аз аломат ва сабабҳои ифротишавӣ сухан мекунад.