Имсол нимаи моҳи ноябр расонаҳои олам хабар доданд, ки сокини 8миллиардии сайёра таваллуд шуд ва он кӯдак дар Арманистон ба дунё омад. Аҳолии рӯи олам агар чунин равад то соли 2050 ба 10миллиард нафар мерасад. Бо чунин афзоиш захираҳои табиӣ низ бояд самаранок истифода шавад. Барои ҳамин ду даҳсолаи охир ибораи “иқтисоди сабз” рӯи кор аст. Ин иқтисодиётест, ки бо камтарин захира натиҷаи хуб ва ба саломатии инсон ва ҷамъият фоида овардан аст.