Ман ҳам хондан мехоҳам.

«Таълимоти инклюзивӣ: мушкилот ва муаммоҳо» ток шоу «Офтоби меҳрубонӣ» ин навбат мавзӯи таҳсилоти фарогирро мавриди баҳс қарор дод. Барои он ки кӯдакони имконияташон маҳдуд дар мактабҳои умумӣ таҳсил гиранд, монеаҳои муайянро бояд паси сар кунанд. Пеш аз ҳама набудани муҳити мувофиқ, яъне роҳи ноҳамвор то расидан ба мактаб, набудани пандусу дастқапак ва номувофиқии тачҳизоти ҳоҷатхонаҳо садди роҳи таҳсилоти фарогир мешаванд. Баъдан набудани барномаи инфиродии мутобиқгардонидашуда, ки ҳам барои талабаи дорои маъюбият ва ҳам барои омӯзгоре ки дар синфи инклюзивӣ дарс мегӯяд, мушкилотро эҷод мекунад. Барномаро рӯзи панҷшанбе санаи 10 декабр соати 20 дар СМ 1 тамошо карда метавонед.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.