Дониш андар дил чароғи равшан аст

Печутоби замон дар Симои Мустақили аввал гурӯҳи толибилмони литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷандро даъват кард. Чанде пеш гурӯҳи 18 нафараи хонандагони литсей аз шаҳри Анталияи давлати Туркия баргаштанд. Иштирок дар олимпиада барои донишсанҷон дастовардҳои бузургро насиб гардонид. Хонандагон бо дониш ва забондонии худ аъзои ҳакамони байналмиллалро дар ҳайрат гузоштанд. Ин сафар барои хонандагон роҳи фарохтарро барои азхудкунӣ ва мукаммалнамоии илму дониш кушод. Дар пеш донишсанҷи дар Иёлоти Техаси Амрико онҳоро интизор аст!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.