Боз як хушхабар аз барномаи «Ормон»! Писарчаи 2 сола Абдуманонзода Акбар бомуваффақият ҷарроҳӣ шуд. Нуқсони дил пурра бартараф гашт. Минбаъд кӯдак бо дили солим умр ба сар мебарад. Аз дидани ҷисми солими фарзандаш модараш шукрона дорад, ва дар хакки эҳсонкорону табибон сухани нек мегӯяд ва дасти дуо мебардорад.