Барномаи навбатии “Дар сӯҳбати соҳибдилон” бо як нафар аз аҳли зиёи кишвар, олими иқтисоддон, ки дар тарбияи ҳазорҳо нафар шогирд хидматгузор аст, даҳҳо нафар шогирдонаш таҳти роҳбарии ӯ унвону дараҷаҳои баланди илмиро соҳиб шудаанд, доктори илмҳои иқтисод, профессор Абдушукур Назаров ҷараён гирифт. Ба устод саволҳои зиёд доштам. Аз айёми туфулияташ, он муҳити хонаводагӣ, ки дар тарбияву такомули ӯ саҳмгузоранд шуруъ карда, то мавзуи арзишҳо ва мушкилоти тағирхурии арзишҳои умумиинсонӣ сӯҳбат кардем. Лозим донистам, ки барномаро дар ду қисмат пешниҳод намоям. Қисмати аввал аз овони хурдсоливу наврасиву ҷавонӣ, қадамҳои аввалин дар роҳи омӯзиши илм ва дастгириву раҳнамоиҳои волидону устодонаш буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.