Баландшавии сатҳи коррупсия дар кишвар нигаронкунанда аст. Пас, барои паст намудани сатҳи коррупсия ба мо чӣ намерасад: боварӣ ё ирода? Айнан ба ҳамин мазмун ток шоуи навбатии Печутоби замон сабт шуд. Пеш аз ҳама паст будани сатҳи донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандонро иштирокдорони барнома сабаби зиёдшавии қоидавайронкуниҳои коррупсионӣ ҳисобиданд. Лекин шахсе, ки ҳуқуқдон асту дар зинаҳои роҳбарикунандаи ниҳодҳои давлатӣ кор карда, якчанд маротиба ба ҷинояти коррупсионӣ даст задааст, боиси ташвиш аст. Дар барнома паҳлуҳои мухталифи ин мавзӯъ мавриди баҳсу муҳокима қарор гирифт. Ба мушкилоту муаммо ва нофаҳмиҳо муовини аввали сардори Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар в. Суғд Зарифӣ Дилшод Неъматзода посух гуфт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.