Сабти дигари ток-шоуи “Дарси киношиносӣ” дар мавзӯи “Нигоҳе ба таърихи кинои тоҷик ва равандҳои он” манзури шумо мегардад. Дар барнома роҷеъ ба мавзӯъ баҳсҳои ҷолиб сурат гирифт.
Дар ток-шоуи “Дарси киношиносӣ” озмунҳои хурдро идома медиҳем. Дар баробари тамошои барнома дар озмун ширкат варзида соҳиби тӯҳфа шавед. Ин навбат вобаста ба яке аз филмҳои тоҷикии замони шӯравӣ назари хешро баён созед. Шумо бояд вобаста ба номи филм, қаҳрамонҳои асосии филм, коргардон, муаллифи сенария ва дигар ҷабҳаҳои филм нигоҳи худро навишта ба мо фиристед. Ҳар нафаре, ки ин корро бо зуддӣ иҷро мекунад соҳиби тӯҳфа мегардад.