Абдураҳими 5 сола бомуваффақият дар шӯъбаи ҷарроҳии бачагонаи беморхонаи шаҳри Екатеринбург ҷарроҳӣ гашт. Ба писарча ҳангоми амалиёти ҷарроҳӣ пластикии пӯсти зери гардан ва кӯчати мӯй гузаронида шуд. Модараш қайд намуд, ки пас аз гузашти ҷарроҳӣ кашишҳои зери гардан ва рӯй бартараф шуда ҳоло аҳволи фарзандаш хуб аст. Баъд аз шаш моҳ ба кӯдак боз ду марҳилаи амалиёти ҷарроҳи дар ФР тавсия гаштааст.