Дар Тоҷикистон мардум пайравӣ ба дини мубини ислом ва мазҳаби ҳанафӣ доранд. Кариб ягон маъракаҳои мо бе иштироки ходимони дин намегузарад. Мардум онҳоро эҳтиром мекунад ва сухани эшон ба ҷомеа таъсир дорад. Бинобар ин ходимони дин дар ҳамаи чорабиниҳои идеологии пешгирӣ аз терроризм ва экстремизм иштирок мекунанд. Байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд, ки ҷавонон ба равияҳои тундрав шомил нашаванд ва ба дину мазҳаби худ содиқ бошанд. Дар ин барнома сухан аз нақши ходимони дин меравад.