ВАО, кино ва театр ин се самти бузурги таъсиргузор ба маънавиёту маданияти инсон имрӯз ҳар яке рисолати худро назди ҷомеъа адо карда омада истодааст. Аввалин рузномаи чопӣ чандин аср муқаддам пайдо шуд, асри 20 асри таҳаввулоти технология гардид. Радио ва ТВ таъсис ёфт. Охири асри 20 оғози асри 21 фурсати шабакаи умумиҷаҳонии Интернет гардид. Ба қавли Темур Зулфиқоров “Интернет ин Эверести танҳоӣ” аст. Ин албатта мавзуи дигар аст, аммо Интернет сабаб гардид, ки мавқеъи бештари расонаҳоро танг кунад. Замоне мегуфтанд, ки Интернет пайдо шуд, ТВ, газета, радио аз байн меравад. Дар руи ҷаҳон таҷрибаи эфири онлайнии ТВ, радио солҳост, ки рӯи кор аст. Аммо дар мо ҳоло бинобар гаронии арзиши хизматрасонии интернет ин кор мушкилӣ дорад. Мо дар барномаҳои қаблӣ гуфтем, ки барои мубаллиғони андешаҳои ифротӣ пойгоҳҳои интернетӣ майдони бисёр мувофиқи таблиғ аст. Онҳо хуб медонанд, ки фоизи бузурги истифодабарандагони интернет ин насли ҷавон аст, ки метавон фазои холиро ёфта, ба андешаҳои онҳо таъсиргузор

шаванд. Ман дар оғоз сухан ба ҷуз ВАО инчунин номи кино ва театрро гирифтам. Ин се дастгоҳи бузурги ташаккулдиҳандаи афкори ҷамъиятӣ имрӯз дар самти муқовимат ба он андешаҳои ифротӣ чӣ таъсир гузошта метавонанд? Таъсиргузориҳои онҳо то куҷо нишонрас аст?

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.