Дар рӯзҳои соли нав ҳодисаи заҳролудшавӣ аз консерваи хонагӣ дар шаҳри Хуҷанд сабаби вокуниши ниҳодҳои масъул ба масъалаи харидорӣ ва истеъмоли ин намуди ғизоро ба миён овард. Барномаи «Таваҷҷуҳ» намояндагони МНДСЭ, эпидемиолог ва бахши хурокворӣ, ҳамчунин духтури сироятшиносро ба барнома даъват карда, дар бораи бемории ҳасибак(ботулизм), хавфҳои он, аз чораҳои пешгирии ин беморӣ сухан кард.